Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳрвандони Афғонистони муқими Испания дар мухолифат ба ҳамоҳангии ниҳодҳои аврупоӣ бо Толибон эътироз кардаанд
Шуморе аз шаҳрвандони Афғонистони муқими Испания дар Мадрид ҷамъомади эътирозӣ баргузор карда, мухолифати худро бо ҳар гуна даъват ё ҳамкории расмии ниҳодҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон эълом кардаанд.
Ин ҷамъомади эътирозӣ рӯзи панҷшанбе, 4-уми июн дар назди Парлумони Аврупо дар Мадрид баргузор шудааст.
Дар ин эътироз шуморе аз шаҳрвандони Афғонистони муқими Испания, фаъолони ҳуқуқи башар ва теъдоде аз шаҳрвандони Испания ҳузур доштаанд.
Эътирозгарон дар қатъномае таъкид кардаанд, ки ҳар гуна гуфтугӯ ё ҳамоҳангии расмӣ бо Толибон ба маънои одисозии саркӯб ва нодида гирифтани вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистон аст.
Дар бахше аз ин қатънома омадааст: "Толибон шарики сулҳ нестанд: онон омилони апартоиди ҷинсиятӣ, саркӯби созмонёфтаи занон ва нақзи густардаи ҳуқуқи башар ҳастанд. Ҷои Толибон дар Парлумони Аврупо нест, ҷои онон дар додгоҳҳои байналмилалӣ ва дар баробари адолат аст".
Таъкид кардаанд, ки дар солҳои охир занон ва духтарон дар Афғонистон аз омӯзиш, кор ва ҳузури иҷтимоӣ маҳрум шудаанд.
Эътирозгарон ҳамчунон нисбат ба паёмадҳои иҷтимоӣ, ба вижа издивоҷҳои иҷборӣ ва издивоҷи кӯдакон ибрози нигаронӣ карда, онро таҳдиди ҷиддӣ барои ояндаи духтарони Афғонистон донистаанд.
Ширкаткунандагон дар ин ҷамъомади эътирозӣ аз Парлумони Аврупо хостаанд, ки аз ҳар гуна ҳамкории расмӣ бо Толибон худдорӣ карда, аз мардуми Афғонистон, ба вижа занон, ҳимоят кунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”