Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Созишномаҳои сармоягузорӣ миёни Ҳукумати кишвар ва «Канзи Диёр»-у «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ба имзо расид
4-уми июн дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маросими баимзорасонии созишномаҳои сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Канзи Диёр» ва «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баргузор гардид.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, созишномаҳои сармоягузорӣ бо ҶДММ «Канзи Диёр» таъсис ва рушди корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо дар шаҳр Панҷакент ва бо ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» татбиқи лоиҳаи сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи истихроҷ ва коркарди тилло дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғдро пешбинӣ менамояд.
"Амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати татбиқи амалии «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва ҳадафи чоруми стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди инфрасохтори истеҳсолию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва некуаҳволии аҳолӣ, воридоти технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард", - зикр кардааст манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”