Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Беэҳтиромӣ ба пули миллӣ. Боздошду ҳабси блогер дар Душанбе
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти Ашуров Рустам, блогери тоҷик хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллию меъёрҳои ахлоқӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, ба фаъолияти блогерӣ машғул шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр намудааст, ки дар он амалҳои тарғибкунандаи талбандагӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба асъори миллӣ инъикос ёфтаанд", - навиштааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Ашуров Р. барои беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият тибқи талаботи моддаи 460 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин гардид.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”