Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ғазза беш аз 9 000 нафар фаластинӣ аз соли 2023 то ҳол гум шудаанд
Як ниҳоди ҳуқуқи башар дар Фаластин эълом кардааст, ки беш аз 9 500 нафар фаластинӣ аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза (соли 2023) то кунун нопадид шудаанд.
"Ал-Ҷзира" рӯзи панҷшанбе, 4-уми июн гузориш додааст, ки ин оморро Анҷумани ҳуқуқи башари "Ал-Замир" нашр кардааст ва гуфтааст, ки афроди нопадидшуда шумори зиёди занон ва кӯдаконро дар бар мегиранд.
Бар асоси гузориш, тақрибан 8 100 нафар эҳтимолан зери харобаҳои сохтмонҳои вайроншуда мондаанд.
Ҳамчунин, 250 нафар дар наздики марказҳои тақсими кумакҳо нопадид шудаанд ва беш аз 800 нафар дар ҷараёни интиқол аз шимол ба ҷануб дар истгоҳҳои тафтишоти низомӣ боздошт шудаанд.
Ин анҷумани ҳуқуқи башар мегӯяд, ки тақдири 350 нафар фаластинӣ, ки 7-уми октябри 2023 ба қаламрави Исроил ворид шуда буданд, то ҳанӯз муайян нашудааст.
Анҷумани ҳуқуқи башари "Ал-Замир" таъкид кардааст, ки нопадидсозии маҷбурӣ ҷиноят алайҳи башарият аст ва ин вазъ яке аз мураккабтарин буҳронҳои башарӣ ба шумор меравад.
Ин анҷуман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки барои озодии боздоштшудагон, баргардонидани ҷасадҳо ва таъсиси пойгоҳи генетикӣ барои шинохти қурбониён чораҳои фаврӣ биандешад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”