Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
"Худро устои мебел муаррифӣ мекард". Боздошти марде бо гумони қаллобӣ дар Душанбе
Мақомоти интизомии пойтахт як сокини Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карданд.
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раҷабов Маъруф, сокини 39-солаи шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Афзуда мешавад, ки дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои ҷабрдидагон номбурда аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.
Зикр мегардад, ки тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки Раҷабов М. худро ҳамчун устои мебел муаррифӣ намуда, бо ваъдаи таъмин намудани бисоти хона аз шаҳрвандон маблағҳои калонӣ пулӣ гирифтааст. Аз ҷумла, дар се ҳолат зарари ба ҷабрдидагон расонидаи ӯ 297 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба номбурда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”