Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Трамп: "Агар ман намебудам, ҳоло Исроиле вуҷуд намедошт"
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки агар ӯ намебуд, дар ҳоли ҳозир кишвари Исроил вуҷуд надошт.
"Ал-Ҷазира" рӯзи чаҳоршанбе, 3-уми июн, гузориш дода, ки Трамп гуфтумонҳои марбут ба ин, ки Бинёмин Нетаняҳу ӯро барои оғози ҷанг бо Эрон таҳти таъсир қарор додааст, рад кардааст.
Трамп гуфтааст, ки иқдоми ҳамла алайҳи Эрон комилан мутааллиқ ба худаш буда, ӯ бо далели ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ чунин корро иҷро кардааст.
Ӯ ҳамчунин, мухолифони сиёсии худро тавҳин карда, гуфтааст, ки онҳо дарки дурусте аз вазъият надоранд.
Раиси ҷумҳури Амрико афзудааст, ки нигаронии ӯ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба даврони нахусти раёсатиҷумҳуриаш бармегардад.
Трамп гуфтааст: "Ин мавзуъ ба Исроил ҳам марбут мешавад, чун эҳтимол дошт Исроил аввалин ҳадаф бошад. Ба шумо мегӯям, агар ман набудам, ҳоло Исроиле вуҷуд намедошт".
Ин дар ҳолест, ки танишҳо миёни Эрон ва Амрико то кунун роҳи ҳалли худро наёфтааст ва чанде пеш Трамп гуфта буд, ки тамоюл дорад бо Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дидор кунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад