Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: "Ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ба поён нарасидааст"
Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон то кунун "ба поён нарасидааст".
"Ал-Ҷазира" рӯзи 3-уми июн гузориш додааст, ки Нетаняҳу бо ишора ба идомаи танишҳо дар минтақа иддао кардааст, ки Теҳрон дар натиҷаи даргириҳо "заиф шудааст".
Ӯ афзудааст, ки ҳар ду рӯз як бор бо Доналд Трамп гуфтугӯ мекунад ва миёни ду тараф баъзан "ихтилофоти тактикӣ" вуҷуд дорад, аммо ба гуфтаи ӯ ин ихтилофҳо дар ниҳоят ҳал мешаванд.
Нахуствазири Исроил гуфтааст, ки бо вуҷуди баъзе ихтилофот, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ду тараф идома дорад.
Ин изҳорот пас аз он садо додааст, ки бар асоси гузоришҳои нашршуда, Трамп дар як тамоси дипломатӣ, Нетаняҳуро ба далели таҳдид ба бомбборони Бейрут, пойтахти Лубнон сахт танқид кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”