27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.06.2026 18:12

Мирзоҳусайни Бадалипур: “Худшиносии миллӣ аз шинохти таърих, фарҳанг ва забон оғоз мешавад”

Ба наздикӣ китоби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шори хушному номвар Мирзоҳусайни Бадалипур бо номи “Обшори сухан” нашр шуд. Китоби мазкур аз маҷмӯи мақолаву портретҳо доир ба шахсияти аҳли илму адаби саршиноси кишвар иборат буда, асосан, масъалаи худшиносии миллиро инъикос мекунад. 

Dialog.tj бо Мирзоҳусайни Бадалипур бобати китоби тозанашр, худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ, шеъру шоирӣ ва ғайраҳо суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад. 

ФАСЛИ ЯКУМ: “ОБШОРИ СУХАН”

- Устод, дар мактабҳои миёнаву олии кишвар садҳо ҳазор омӯзгор аст, вале онҳое, ки дар баробари кори муаллимӣ боз ба эҷод машғул мешаванд, хеле каманд. Бигӯед, ки чӣ шуморо водор месозад, ки эҷод кунед ва бо қалам наздик бошед?

- Дар ҳақиқат ҳам ҳамин хел аст, ки бисёре аз омӯзгорон ба ғайр аз дарсу таълим ба корҳои эҷодӣ машғул намешаванд. Ба назари ман, чунин ашхос рисолати асосии худро ба таври ҳамаҷониба ба анҷом намерасонанд. Чун омӯзгор, ба хусус, устоди мактаби олӣ бояд як шахсияти эҷодкор, маданӣ, равшанфикр, худогоҳ ва худшинос бо ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонбинии густурда бошад. Эҷод як унсури ҳувиятсози инсон аст, бузургӣ ва шаҳомати одамиро таҷассум мекунад ва барои мардум ба намоиш мегузорад. Вале дар бисёр ҳолатҳо эҷод аз истеъдоди фитрӣ, зеҳн, илҳом, малака ва маҳорати ақлонию амалии фард вобаста аст. Маро рисолати инсонӣ, имонӣ ва виҷдонӣ водор мекунад, ки дар қатори масъулияти бисёр мушкили таълиму тарбияи шогирдон, ба эҷодкорӣ ва бо қалам наздик бошам. Аз ҷониби дигар, он ҳама шавқу шӯр ва эҳсоси ботинию равоние, ки дар вуҷуди хеш дорам, сабаби ин ҳама такони маънавӣ мешавад, то ба падидаҳо, таҳаввулот ва равандҳои мухталифи табиату ҷомеа бепарво набошам. Эҷод маро ба гуфти устоди зиндаёд Муҳаммадалии Аҷамӣ "то ба фасли рангҳо" мекашонад. Ин зиндагӣ бо ҳама таровату зебоиҳо, нотакрорӣ, арзишҳо, шебу фароз, шодию ғам, бурду бохтҳо, сӯхтану пухтанҳо, давидану расиданҳо, комёбию нокомӣ барои ҳар як инсони соҳибназар ва соҳибхирад манбаъ ва сарчашмаи илҳому эҷод аст. 

- Ба наздикӣ китоби навбатии шумо бо номи “Обшори сухан” нашр шуд, ки маҷмӯи мақолаву портретҳоятонро дар бораи шахсиятҳои илму адаб фаро мегирад. Бигӯед, ки идеяи дар шакли маҷмӯа нашр кардани мақолот чӣ гуна пайдо шуд?

- Ғояи нашри китоби зикршуда чанд сол пеш дар зеҳнам такон хӯрда буд. Ба замми ин, ибтидои соли ҷорӣ устоди бузургвор, академик Кароматулло Олимов таклиф ба миён гузошт, ки ин мақолаҳоро дар шакли китоб ба нашр расонам. Ман то ба имрӯз дар бораи 43 нафар шахсияти барҷастаи илму фарҳанги кишвар мақолаҳои калонҳаҷми илмӣ навиштам ва аз миёни онҳо  танҳо 30 ададашро дар китоб ҷой додам. Умр боқӣ бошад, қисми дуюми китобро низ омодаву нашр хоҳам кард. 

- Дар китоб навиштаед, ки “Муаррифии шахсиятҳои барҷастаи миллиро қарзи имонию виҷдонӣ ва рисолати инсонии худ донистам, чун кору пайкори онҳо намунаи ибрат ва бешак ибратомӯз аст”. Мехостем бидонем, ки “қарзи имонию виҷдонӣ ва рисолати инсонӣ”-и гуфтаатон чӣ гуна дар шумо пайдо шуд? 

- Ҳеҷ гоҳ барои тамаллуқу хушомадгӯӣ, чоплусию худнамоӣ, таърифу тавсифи беарзиш қалам набардоштам. Ҳар сухане дар ин мақолот гуфтам, хоҳ илмию тадқиқотӣ, хоҳ фарҳангию оммавӣ ҳама ҳарфест, аз дил, аз сидқ, аз меҳр, аз самимият ва муҳаббати воқеӣ. Ба гунаи мисол, дар ин китоб сухан дар бораи кор ва осори олимони шинохта, аз ҷумла академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, профессорони шодравон Ғоибов Маҳмад ва Рустам Назаров, профессорон Гулмаҳмад Зокиров, Нуриддин Саид, Умар Сафар, Зиёзода Идибек Ғозӣ, Абдулвоҳид Шамолов, устодони зиндаёд Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назрӣ ва Ёрмуҳаммади Ишқӣ, шоирони маъруфи миллӣ Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муҳаммадалии Аҷамӣ, устоди гиромӣ Назрӣ Яздонӣ, Давлати Раҳмониён, Беҳрӯзи Забеҳулло, шоири ҷавонмарг Парвез Латифӣ равоншиноси шинохта Маҳмадулло Давлатов ва дигарон меравад. 

- Дар умум, шумо муаллиф ва ҳаммуаллифи даҳҳо китоб ҳастед. Барои китобнависӣ ва эҷодкорӣ чӣ гуна вақт меёбед?

Усули таълим, ки ба шакли кредитӣ аст, вақти зиёдро мегирад. Танҳо рӯзҳои истироҳат ва таътилу рухсатӣ ба эҷод машғул мешавам. 

ФАСЛИ ДУЮМ: ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

- Шумо солҳо боз аз худшиносии миллӣ сухан мегӯед. Ба назари шумо худшиносии миллӣ аз куҷо оғоз мешавад?

- Зиёда аз 20 сол аст, ки дар факултети фалсафаи ДМТ ба шогирдон курси махсуси "Фалсафаи худшиносии миллӣ"-ро дарс мегӯям. Соли 2019 бо ҳамин ном дастури таълимӣ ба нашр расонидам, ки мавзуоти гуногуни худшиносии миллиро дар бар мегирад. Худшиносии миллӣ аз шинохти таърих, фарҳанг, забон, адабиёт ва дигар арзишҳои маънавии миллат, яъне он ҳама сарчашмаҳое, ки асоси ҳувият ва асолати миллиро ташкил медиҳанд, оғоз мегардад. Устод Кароматулло Олимов менависад, ки "...дар илми муосир ин нукта эътироф шудааст, ки худшиносӣ маҳсули сатҳи баланди рушди инсон ва миллату ҷамъият аст". Худшиносии миллӣ маҷмӯи шинохти ҷараёни ҳаёти миллӣ, дараҷаи инкишофи баланди маънавии миллат ва унсури махсуси шуури миллӣ мебошад

- Дар шароити рушди босуръати технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ гуна метавон ҳувияти миллиро ҳифз кард?

- Дар шароити рушди босуръати технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳувияти миллиро дар асоси худшиносии комили афроди ҷомеа метавон ҳифз намуд. Ҳувияти миллӣ ин маҷмӯи алоқаҳо, салиқаҳо, андешаҳо, ойинҳо, суннатҳо ва арзишҳои муштараки устуворе мебошад, ки мероси фарқкунандаи миллат, манфиат ва ормони ӯро ташкил медиҳанд.

- Ба назари шумо, тоҷик будан пеш аз ҳама чӣ маъно дорад?

- Тоҷик будан пеш аз ҳама ҳувияти миллӣ доштан, яъне донанда ва дорандаи фарҳанги миллӣ будан аст. Аслу асолати тоҷикият дар пояи ҳамин ду асл мечархад.

- Чаро баъзе ҷавонон аз арзишҳои миллӣ дур мешаванд?

- Ин аз паёмадҳои раванди ҷаҳонишавӣ аст, ки ба ҷавонон таъсири зиёд мерасонад. Ҳамчунин, тарбияи ҳаматарафа ва комили маънавии худогоҳию худшиносии миллӣ нагирифтани насли наврас дар оила, кӯдакистонҳо, мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ яке омилҳои асосии ин падидаи манфур мебошад.

- Мактабҳо ва донишгоҳҳо то чӣ андоза дар парвариши ҳувияти миллӣ муваффақ шудаанд?

- Дар шароити кунунӣ омӯзгорон ва устодон, ки дар макотиб ва донишгоҳҳо сутуни асосии тарбияти насли наврас, ба хусус ҷавонон мебошанд, парваришкунанда ва ташаккулдиҳандаи ҳувияти миллӣ ҳастанд. Аз ин сабаб, падидаи ҳувиятсози миллат ба дараҷаи дониш ва маърифати ин ашхос вобастагии зич дорад. Ба назари ман, дар давоми 35 соли Истиқлол мактабу донишгоҳҳо дар парвариш ва ташаккули ҳувияти миллӣ то андозае муваффақ шуданд, ки нишонаи онро мо дар кору фаъолияти ҳазорон хатмкунандаи макотиби олӣ мебинем. Имрӯзҳо дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ насли даврони Истиқлол дар раванди бунёди давлати миллӣ саҳмгузоранд.

ФАСЛИ СЕЮМ: ДУОИ РӮЗ 

- Дар пасманзари ҳамлаи Амрико ба Эрон бо номи “Дуои рӯз” шеъре гуфтед. Бигӯед, ки шеъри мазкур чӣ гуна тавлид шуд?

- Ин ҳамлаи ноҷавонмардонаи Амрико ва думравонаш ҳеҷ инсони солимфикрро ором намегузорад, ба хусус, ҳамла ба мактаби Миноб ва кушта шудани 168 духтараки гулрӯ. Магар ин фоҷеаи башарӣ дар замони мо нест? Магар ин қатлу куштори рӯйирост нест? Марги 168 нафар тифли дунёнадида ваҳшонияти инсонӣ нест?

Дуои рӯз 

Худоё, мулки Эронро нигаҳ дор,

Ту маҳди илму ирфонро нигаҳ дор!

Ба ҳаққи рӯҳи Фирдавсию Ҳофиз,

Қадамҷои бузургонро нигаҳ дор!

Камолу Буалӣ ин ҷост мадфан,

Ту Табрезу Ҳамадонро нигаҳ дор!

Дилам хуни шаҳидони Минобаш,

Ҳарими поки тифлонро нигаҳ дор!

Ба рағми ғосибону душманонаш,

Ҳифозатгоҳи виҷдонро нигаҳ дор!

Ҳазорон Рустами ял дар набардаст,

Таҳамтанҳои майдонро нигаҳ дор!

Нидои зиндаи номусу мардӣ,

Садои қалби инсонро нигаҳ дор!

Дар ин фасли баҳорони гулафшон,

Замини сабзи армонро нигаҳ дор!

Чу моён решапайванд аз қадимем,

Ту пайванди дилу ҷонро нигаҳ дор!

Шукуҳе аз фурӯғи Ориёно,

Худовандо, ту Эронро нигаҳ дор!

Эрони бузург гаҳвораи фарҳангу тамаддуни мо қавмҳои ориёӣ аст. Пайванди рӯҳу маънавиёти мост. Новобаста аз он ки дар ин кишвар кадом режими сиёсӣ ҳокимият дорад, Эрон сарзамини бостонии ҳувияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии мо ақвоми ориёӣ аст. Порае аз сарзамини Хуросони бузург аст. Эрон зодгоҳи Фирдавсии бузург, Насриддин Тусӣ, Саъдию Ҳофиз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва хокдони Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо нобиғаҳои фарҳангу тамаддуни мост. Эрон шукӯҳу ҷилои илму ирфони мо дар паҳнои таърих аст. Эрон имрӯз нидои зиндаи виҷдони башар бар зидди сиёсати одамкуши Амрикову Ғарб ва режими саҳюнистӣ аст. Эрон фурӯғе аз тамаддуни Ориёно аст.

- Оё шеър метавонад ҷомеаро тағйир диҳад?

- Шеър ин нидои бедории маънавии шоир аст, ки ҳастии ҷомеаро ба куллӣ тағйир медиҳад. Ба қавли Муҳаммад Иқбол: 

Фитрати шоир саропо ҷустуҷӯст, 

Холиқу парвардигори орзуст. 

Шоир андар синаи миллат чу дил, 

Миллате бе шоире анбори гил. 

Шеърро мақсуд агар одамгарист, 

Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист. 

Миллати куҳанбунёди моро бештар бо осори безаволу гаронмояи шоирону адибонаш мешиносанд. Ба ақидаи профессор Умар Сафар “Воқеият ин аст, ки бузургтарин доштаи мардуми мо дар густураи тамаддуни ҷаҳонӣ шеъри мост. Бидуни муболиға, мо бо шеър зиндагӣ мекунем. Қонуни зисти мо саршори абзору асбоби алуда ба шеър аст, вале дар ин миён шумори шоироне, ки шеърашон зояндаи ангезаи умеду орзу, ҳаракату пуёӣ, зебоиву дӯстдорист, андак аст. Бахти бузурги як суханвар аст, пас аз солиёни тӯлонӣ каломаш эҷодгари шӯру шавқ, умеду орзу бошад”.

- Оё шоирон имрӯз мушкилоти ҷомеаро инъикос мекунанд?

- Фикр мекунам, мушкилот камтар инъикос мешавад. Чунончи устод Нодири Нодирпур гуфтааст: “Хунари шоири бузург дар ин аст, ки воқеаи хусусӣ ва ҳаводиси умумии зиндагӣ ва рӯзгори худро чунон баён кунад, ки ҳар кас онро азони худ пиндорад ва чунон таълим диҳад, ки ҳама кас худро дар он саҳим ва дахил бидонад. 

- Оё дар замони рушди шабакаҳои иҷтимоӣ мақоми шеър тағйир наёфтааст?

- Мақому манзалати шоир ва шеъри асил ҳамеша барҷой ва пойдор мемонад, вале бо интишори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки назоратногир аст, имрӯзҳо шеъри бемазмун, бемантиқ, бевазн, бемаънӣ ва шоирони хасакӣ зиёд мешавад, ки яқин аст ба харобии зеҳни маънавии мардум оварда мерасонад

- Оё шоир метавонад аз мушкилоти ҷомеа канор истад?

- Ба назари ман, шоир ҳамчун як равшангари роҳи зиндагӣ ва тарғибгари бедории маънавӣ набояд аз мушкилоти ҷомеа канор истад. Рисолати шоир ҳамин аст, ки ӯ дар қатори дигари қишри соҳибмаърифати ҷомеа барои бартараф кардани мушкилоти ҷомеа саҳмгузор бошад. Арасту дар асараш “Поэтика” ишора ба мақоми шеъру шоирӣ карда чунин мегӯяд: "Ҳар як амали хориқуллода (ҳайратангез) албатта ба кас лаззат мебахшад”. Мақсади ин файласуфи барҷаста ҳам ҳамин аст, ки шоир тавонад бо шеъри асили худ ба афроди ҷомеа лаззати маънавӣ биёрад, то ба василаи ин фароғат аз мушкилоти ҷомеа раҳо ёбад.

- Ба назари шумо шоир бояд танҳо нозири ҷомеа бошад ё роҳнамои он?

- Шоири асил ва тавоно ҳамеша роҳнамои маънавии ҷомеа аст, яъне диди мардумро ба садсолаҳо бедор мекунад. Инсонҳоро ба василаи шеър роҳати маънавӣ, андешаи солим мебахшад, қаввоми зиндагиро ба тасвир меорад, диди одамонро ба дарки зебоӣ, парвариши зебоӣ ва зиндагии ҳадафмандона ва шинохти арзишҳои нотакрори фарҳангии ҳаёт, яъне зистан ва будан қувват мебахшад. Мехоҳам, бо суханони устод Назрӣ Яздонӣ ин суҳбатро ҷамъбаст кунам: “Ҳар нафаре, ки алоқаманди шеър аст, сарфи назар аз синну сол, касбу кор, тааллуқи ақидатиаш, як саодати алоҳида дорад. Ҳар амале, ки мекунад, аз ҳамгинонаш зеботар мекунад, аз ҳар зебоии моддиву маънавӣ баҳраи комилтар мегирад. Дар шикасту басти зиндагӣ, дар афтидану бархостанҳои рӯзгор бардошту таҳаммули бештар дорад. Завқи зиндагӣ, лаззати зиндагии ӯ пирӣ надорад, куҳна шудан надорад. Азбаски шеър эъҷоз аст, арзиши фавқулода аст, мухлисону ошиқони шеър ҳам аз ҷумлаи мардумони маъмулӣ нестанд. Нафароне ҳастанд саодатмандтар. Дар кишвари мо шеър бо вуҷуди он, ки таблиғ намешавад, роиҷ аст. Шеърдӯстӣ, шеърдонии тоҷикон ҳамеша мавриди ҳайрат ва таҳсини дигарон аст, ба ҳайси яке аз тобишҳои симои миллӣ...”

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.