27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
03.06.2026 13:49

Тасним: Пойгоҳи ҳавоии Амрико ҳадафи ҳамлаи мушакии Сипоҳ қарор гирифт

Сипоҳи Посдорони Эрон эълом кардааст, ки пойгоҳи ҳавоӣ ва чархболии Амрико, мустақар дар яке аз кишварҳои минтақа, бо мушак ва паҳпод мавриди ҳамла қарор дода шудааст.

Тасним рӯзи чоршанбе, 3-уми июн гузориш додааст, ки афзун бар пойгоҳ, як нови амрикоӣ, мустақар дар обҳои минтақа низ аз сӯи Сипоҳи Посдорони Эрон ҳадаф қарор гирифтааст.

Бар асоси гузориш, Сипоҳи Посдорони Эрон муддаӣ навиштааст, ки ҳамла ба пойгоҳ ва шиновари амрикоӣ дар посух ба ҳамлаи неруҳои амрикоӣ ба як нафткаш, мутааллиқ ба Эрон будааст.

Сипоҳ ҳамчунин, гуфтааст, ки неруҳои амрикоӣ шаби гузашта дар як ҳамлаи муҷаддад, пояи мухобиротии марбут ба Сипоҳро дар ҷазираи Қашм ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор додаанд.

Дар эъломияи Сипоҳ, ки Тасним мунташир кардааст, афзуда шудааст, ки дар посух ба ҳамлаи Амрико, пойгоҳи ҳавоӣ ва чархболии Амрико, мустақар дар яке аз кишварҳои минтақа ва ҳамчунин, маркази новгоҳи панҷуми дарёии Амрико мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Дар ин эъломия аз кишвари мушаххасе ба унвони мизбони пойгоҳҳои амрикоӣ ном бурда нашудааст, аммо шаби гузашта Кувайт эълом кард, ки системаи зиддиҳавоии ин кишвар дар ҳоли раҳгирии ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии "хасмона" аст.

Вазорати дохилаи Баҳрайн низ шаби гузашта эълом кардааст, ки бонги хатар ба садо даромада ва аз шаҳрвандонаш хостааст оромиши худро ҳифз кунанд ва ба наздиктарин макони амн бираванд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.