27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
03.06.2026 10:56

Сел дар ноҳияи Айнӣ. Иншооти иҷтимоӣ ва хонаҳои мардум зарар диданд

Имрӯз, 3-юми июн дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба баррасӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиие, ки рӯзҳои охир бар асари боришоти шадид дар як қатор деҳоти ноҳия ба амал омад, баргузор гардид.

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ,рӯзҳои 1-ум ва 2-юми июн дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Рарз ва Шамтучи ноҳия сел омада, ба як қатор иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, инчунин, ба моликияти шаҳрвандон зарар расонидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин, бар асари ин ҳодисаи табиӣ ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, кӯчаҳо, роҳравҳо ва чанд манзили истиқоматӣ хисорот расидааст.

"Зимни кори ситод роҳбарони гурӯҳҳои кории ба минтақаҳои осебдида сафарбаршуда аз вазъи воқеии маҳал, ҳаҷми аввалияи зарар ва корҳои анҷомдодашуда гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба баҳогузории хисорот, расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолии зарардида ва барқарорсозии инфрасохтори осебдида мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд", - навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бо қарори ситод гурӯҳҳои доимамалкунанда таъсис дода шуда, онҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва дигар ниҳодҳои марбута ба минтақаҳои зарардида сафарбар гардиданд. Вазифаи асосии гурӯҳҳои мазкур омӯзиши вазъ дар маҳал, баҳодиҳии дақиқи хисорот ва андешидани чораҳои фаврӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва кӯмак ба сокинони зарардида мебошад.

Иттилоъ дода мешавад, ки бинобар идома доштани боришот дар баъзе минтақаҳои ноҳия омӯзиши пурраи ҳаҷми зарар ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.