27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
03.06.2026 10:39

Ҳомид Карзай: "Мушкилоти амниятии Покистон натиҷаи пуштибонии ин кишвар аз "экстремизм" аст"

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, ки замоне пиёдакунандаи сиёсати Покистон дар ин кишвар буд, гуфтааст, мушкилоти амниятии кунунии Покистон натиҷаи сиёсати чанд даҳсолаи ин кишвар дар пуштибонӣ аз "экстремизм" ва истифодаи он ҳамчун абзори сиёсати хориҷӣ бар зидди Афғонистон мебошад.

Карзай рӯзи сешанбе, 2-уми июн дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоӣ "X" навиштааст, ки Афғонистон аз кишварҳои камшумори минтақа аст, ки дар зиёда аз як асри гузашта равобити дӯстона ва самимӣ бо кишварҳои аврупоӣ дошта, ҳамеша бо ниҳодҳои аврупоӣ ҳамкории созанда кардааст.

Ӯ ҳамчунин, аз кумакҳои башардӯстона ва пуштибонии кишварҳои аврупоӣ аз мардум Афғонистон қадрдонӣ карда, таъкид кардааст, ки беназмиҳо ва мушкилоти кунунии Покистон реша дар сиёсати ин кишвар дар тӯли чор даҳсолаи гузашта нисбат ба Афғонистон дорад.

Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ҳамчунин, аз Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо, хостааст, ки дар баррасии таҳаввулоти минтақа, омилҳои аслӣ ва решаҳои буҳронҳои кунунии онро бо назардошти воқеияти мавҷуд арзёбӣ кунад.

Карзай афзудааст, ки Афғонистон ва мардумаш қурбонии терроризм ҳастанд, ки дар натиҷаи сиёсати Покистон ба вуҷуд омадааст ва дар солҳои гузашта боиси талафоти густурдаи инсонӣ ва вайроншавии инфрасохтор ва муассисаҳои умумӣ дар кишвар шудааст.

Из изҳоротро Ҳомид Карзай дар ҳоле матраҳ кардааст, ки дар замони дар қудрат буданаш дар Афғонистон худ низ сиёсатҳои Покистонро ҷонибдорӣ кардааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.