Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Реҷаи кориро вайрон карданд. Ҳабси маъмурони ду маркази хизматрасонӣ дар Душанбе
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки зимни баргузории санҷишҳо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ду ҳолати вайрон намудани реҷаи фаъолияти марказҳои хизматрасониро ошкор намуданд.
Ба навиштаи манбаъ, шаҳрванд Мирзоев Муҳаммад, ки ба ҳайси маъмур дар маркази дилхушии «ДримБар» фаъолият мекунад, талаботи реҷаи фаъолияти муқарраршударо вайрон кардааст. Дар ин баробар, шаҳрванд Салимов Сорбонҷон, маъмури маркази бозиҳои компютерӣ низ фаъолияти худро берун аз соатҳои муқарраршудаи корӣ ба роҳ мондааст.
“Номбурдагон на танҳо реҷаи фаъолияти муқарраршударо вайрон намудаанд, балки ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба қонуншиканӣ роҳ додаанд”, - афзудааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Мирзоев М. ва Салимов С. тибқи моддаи 479 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”