Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии «Як рӯз дар нақши роҳбар» баргузор гардид
1-уми июн дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии махсус таҳти унвони «Як рӯз дар нақши роҳбар» баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи чорабинӣ хонандагони Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба таври рамзӣ вазифаҳои вазири корҳои хориҷӣ, муовини якум, муовинон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратро ба зимма гирифта, бо фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти дипломатӣ аз наздик шинос шуданд.
Манбаъ меафзояд, ки чорабинӣ ба шинос намудани хонандагон бо фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва хизмати дипломатӣ, инчунин, ба рушди таваҷҷуҳи ҷавонон ба муносибатҳои байналмилалӣ равона гардида буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”