Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сипоҳи Посдорон: "Киштии тиҷоратии Амрикоро ҳадаф қарор додем"
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон эълом кард, ки як киштии контейнербар бо парчами Панамаро, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба Амрико тааллуқ дорад, бо мушаки круз мавриди ҳадаф қарор додааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи душанбе, 1-уми июн, гузориш додаанд, ки киштии "MSC Sariska V" ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтааст.
Бар асоси гузоришҳо, Сипоҳи Посдорон гуфтааст, ки ин иқдом дар ҷавоб ба ҳамлае сурат гирифтааст, ки пештар алайҳи як киштии эронӣ наздики соҳилҳои Умон анҷом шуда буд.
Ҳамзамон, Маркази амалиёти тиҷорати баҳрии Британия (UKMTO) эълон кардааст, ки як киштии борбар дар ҷанубу шарқи бандари Ам-Каср ҳадафи як тир қарор гирифтааст.
Ин ниҳод то ҳол муайян накардааст, ки оё киштии осебдида ҳамон "MSC Sariska V" буд ё не.
Ин рӯйдод дар ҳоле рух додааст, ки танишҳо дар обҳои минтақа ва роҳҳои муҳими нақлиётии Халиҷи Форс ва баҳри Умон дар рӯзҳои ахир афзоиш ёфта, нигарониҳои амнияти ҳаракати киштиҳои тиҷоратиро бештар кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”