Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Созмони Милал хостори таваққуфи даргириҳо дар Лубнон шуд
Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши фаъолиятҳои низомӣ дар Лубнон, аз ҳамаи тарафҳои даргир хостааст, ки ба оташбас пойбанд бимонанд ва аз афзоиши танишҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милал рӯзи душанбе, 1-уми июн, гуфтааст, ки ин созмон аз афзоиши фаъолиятҳои низомӣ дар ҷануби Лубнон ва аксари минтақаи ин кишвар "амиқан нигарон" аст.
Ӯ афзудааст: "Аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем ба таваққуфи даргириҳо эҳтиром бигузоранд ва аз ҳар гуна ташдиди бештари танишҳо худдорӣ кунанд."
Ҳамзамон, Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба дархости Фаронса қарор аст имрӯз нишастеро барои баррасии вазъи Лубнон баргузор кунад.
Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки даргириҳо ва танишҳои низомӣ дар Лубнон дар рӯзҳои охир афзоиш ёфта, нигарониҳои байналмилалиро дар бораи густариши ноамнӣ дар минтақа барангехтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад