Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Замир Кобулов: "Созишномаи низомии бо Толибон басташуда ба таъмири таҷҳизоти сохти Русия нигаронида шудааст"
Замир Кобулов, намояндаи махсуси раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, гуфтааст, ки созишномаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ миёни Русия ва Толибон (гурӯҳи террористӣ) бар тармим ва бозсозии таҷҳизоти низомии сохти Русия дар Афғонистон мутамарказ аст.
Хабаргузории "РИА Новости" рӯзи душанбе, 1-уми июн, гузориш додааст, ки Кобулов ин тавофуқномаро "дуруст ва амалӣ" хонда ва гуфтааст, ки бар асоси қонунҳои Русия, ҳар гуна ҳамкории низомӣ-фаннӣ ниёзманди як чорчӯби ҳуқуқии мушаххас аст.
Ӯ афзудааст, ки Толибон беш аз ҳар чиз ба таъмир ва бозсозии таҷҳизоти низомии сохти Русия, ки дар Афғонистон мавҷуд аст, алоқаманд ҳастанд.
Русия ва гурӯҳи террористии Толибон ин тавофуқномаро 27-уми май дар ҷараёни Маҷмаи байналмилалии амниятӣ, ки аз 26-ум то 29-уми май дар Маскав баргузор шуда буд, имзо карданд.
Вазорати дифои Толибон низ пештар эълом карда буд, ки кори амалӣ барои иҷрои ин созишнома дар рӯзҳои оянда оғоз хоҳад шуд.
Ин тавофуқ дар ҳоле имзо шудааст, ки Русия дар солҳои охир равобити худро бо Толибон густариш дода ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ миёни ду тараф афзоиш ёфтааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”