27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
01.06.2026 18:33

Ироқчӣ: "Оташбаси Эрон ва Амрико Лубнонро ҳам дар бар мегирад"

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон, таъкид кардааст, ки оташбас миёни Эрон ва Амрико шомили оташбас дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла Лубнон мебошад.

Ироқчӣ рӯзи душанбе, 1-уми июн, дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навиштааст, ки нақзи оташбас дар як ҷабҳа ба маънои нақзи он дар ҳамаи ҷабҳаҳо аст.

Вазири корҳои хориҷаи Эрон ҳушдор додааст, ки дар сурати нақзи оташбас, Иёлоти Муттаҳида ва Исроил масъул хоҳанд буд.

Вазири корҳои хориҷаи Эрон ин мавзуъро дар ҳоле матраҳ кардааст, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, эълом кардааст ба артиши худ дастур додааст, ки ба атрофи ҷанубии Байрут ҳамла кунад.

Рӯзи гузашта низ Эйла Вавие, сухангӯи арабизабони артиши Исроил, аз оғози як амалиёти густардаи низомӣ дар ҷануби Лубнон хабар дода буд.

Эрон ва Иёлоти Муттаҳида аз чанд ҳафта ба ин сӯ бо миёнҷигарии Покистон барои расидан ба як тавофуқ дар бораи поён додани ҷанг, бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва парвандаи ҳастаии Эрон дар ҳоли музокира ҳастанд.

Шомил шудани Лубнон ба оташбас миёни Эрон ва Амрико яке аз мавзуъҳои мавриди ихтилоф дар музокироти ду тараф дониста мешавад.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.