27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
01.06.2026 13:58

Ислом Махачев Илия Топурияро таъриф карду номи рақиби эътимолиашро гуфт

Чемпиони UFC дар вазни ниммиёна Ислом Махачев дар як мусоҳиба доир ба мусобиқаи UFCКохи сафед, Илия Топурия, Ҷастин Гейҷи ва Иэн Гэрри гуфт.

Ислом Махачев нахуст дар мавриди муҳорибаи асосии мусобиқаи UFC Кохи сафед, ки миёни чемпион Илия Топурия ва чемпиони муваққатии вазни сабук Ҷастин Гейҷи доир мешавад, ибрози назар кард.

“Ин рақобат барои алоқамандони муҳорибаҳои омехта бисёр шавқовар мешавад. Агарчи Ҷастин Гейҷи варзишгари ботаҷриба ва хеле қавӣ аст, вале синну солаш ба ҷое расидааст ва ман фикр мекунам, ки дар муҳорибаи мазкур Илия Топурияғолиб мешавад. Ҳоло замони Илия Топурия дар вазни сабук аст, зеро ӯ ҷавон ва хеле боистедод аст”, - гуфт Ислом Махачев.

Чемпиони вазни ниммиёнаи UFC ҳамчунин, доир ба муҳорибаи навбатиаш сухан карда, гуфт:

“Ман ба муҳорибаи навбатиам омодагӣ дида истодаам. Умед дорам, ки моҳи август дар мусобиқаи UFC 330 баромад мекунам. Агарчи довталабон хеле зиёданд, вале то ҳол расман ба мувофиқа нарасидем, ки кӣ мешавад рақибам. Кӣ шудани рақиб бароям аҳамият надорад, вале фикр мекунам, ки бо Иэн Гэрри рақобат хоҳем кард.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.