27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
01.06.2026 13:30

Ду бор пайи ҳам. ПСЖ қаҳрамони Лигаи чемпионҳо шуд

Дар даври ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупобошгоҳҳои “Пари Сен-Жермен” (“ПСЖ”)-и Фаронса ва “Арсенал”-и Англия бо ҳам қувваозмоӣ карданд.

Бозии мазкур дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор гардида, дар он бошгоҳи “ПСЖ” ғолиб шуд ва бори дуюм қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо гардид.

Алоқамандони футбол аз бозии финалии Лигаи чемпионҳои Аврупо умеди зиёд доштанд, ки шавқовар мешавад, зеро дар он ду дастаи беҳтарини ҷаҳон барои маъруфтарин унвон қувваозмоӣ карданд, вале ин тавр нашуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Дастаи “Арсенал” дар дақиқаи 6-ум ҳисоби бозиро кушод ва пурра ба ҳимоя нишаст. Футболбозони дастаи “ПСЖ” ҳамлаҳои пайдарпай карданд, вале бефоида. Дар натиҷа, дар дақиқаи 64-ум Усмон Дембеле аз зарбаи 11-метра ҳисоби бозиро баробар кард. Дар қисмҳои иловагӣ дастаҳо коре карда натавонистанд ва ба зарбаҳои 11-метра рафтанд. Дар бахши зарбаҳои 11-метра бошгоҳи фаронсавӣ бо ҳисоби 4:3 ғолиб шуд.

Ҳамин тавр, бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса дар таърихи худ бори дуюм қаҳрамони Лигаи чемпионҳо шуд ва ин ҳам пайдарпай. Соли гузашта низ ин даста қаҳрамони мусобиқаи мазкур шуда буд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.