27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
01.06.2026 13:05

Оғози мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» дар пойтахт

Бинобар иттилои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» («Саёҳат тавассути автобусҳои сурх») расман оғоз гардид.

Манбаъ навиштааст, ки лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «King Tour» ва «Somon Travel» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои сокинону меҳмонон амалӣ карда мешавад.

Таъкид мегардад, ки мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» то моҳи октябр идома меёбад. Сайру саёҳат дар аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд вобаста ба талаботи сайёҳон тавассути хариди чиптаҳои электронӣ ташкил карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ба ифтихори оғози мавсими нав рӯзи нахустини фаъолияти хатсайрҳо сайру саёҳат тавассути автобусҳои дуқабата барои сокинон ва меҳмонони шаҳр ба таври ройгон ташкил карда шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҳатсайрҳо аз наздимуҳимтарин иншооти фарҳангӣ, таърихӣ, маъмурӣва сайёҳии пойтахт гузашта, ба иштирокдоронимкон медиҳанд бо симои муосири Душанбе вамероси ғании таърихию фарҳангии он аз наздикшинос шаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ҳамзамон бо ҷалби ҳунармандон барои иштирокдорон фазои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё карда мешавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.