Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
"Дейли Мейл": Кӯдакони фақир дар Афғонистон қурбонии падидаи "бачабозӣ" ҳастанд
Рӯзномаи бритониёии "Дейли Мейл" (Daily Mail) бо нашри гузориши тоза дар бораи падидаи "бачабозӣ" дар Афғонистон гуфтааст, ки ин масъала ҳамчунон ба шакли густурда ва пинҳонӣ дар кишвар идома дорад ва кӯдакони фақир дар маърази баҳрабардории ҷинсӣ қарор доранд.
"Дейли Мейл" 31-уми май гузориш додааст, ки писарони наврас дар бархе мавридҳо бо ороиш ва либосҳои занона дар баробари гурӯҳҳое аз мардони қудратманд маҷбур ба рақс мешаванд ва сипас, мавриди сӯиистифода қарор мегиранд.
Дар идомаи гузориш омадааст, ин падида, ки решаҳои таърихӣ дорад, солҳост дар Афғонистон вуҷуд дошта, қурбониёни он одатан кӯдакони хонаводаҳои фақир ҳастанд.
"Дейли Мейл" навиштааст: "Толибон кӯдаконро аз тариқи иҷбор ва фиреб, аз ҷумла ваъдаҳои дурӯғин ҷазб мекунанд ва мавридҳое аз ин падида бо ҳузури мақомоти Толибон ва соири гурӯҳҳои мусаллаҳ сабт шудааст".
Бар асоси гузориш, ин падида ҳанӯз ба тариқи пинҳонӣ идома дорад.
"Дейли Мейл" ҳамчунин, навиштааст, ки бархе аз қурбониён ба далели набуди ҳимояти иҷтимоӣ ва шароити иқтисодии душвор, бо мушкилоте монанди фақри шадид ё осебҳои равонӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Ин гузориш таъкид мекунад, ки бо вуҷуди мамнуъияти расмии падидаи "бачабозӣ", ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчунон аз авҷи он дар бархе минтақаҳои Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида низ дар гузориши худ дар бораи қочоқи инсон эълом карда буд, ки сарбозгирии кӯдакон, қочоқи инсон ва бачабозӣ ҳамчунон дар Афғонистон идома дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”