Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мушовири раҳбари Эрон: “Трамп бори сеюм аст, ки ба дипломатия хиёнат мекунад”
Муҳсин Ризоӣ, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва мушовири раҳбари Эрон, гуфтааст, ки Доналд Трамп “барои бори сеюм ба дипломатия хиёнат мекунад”.
Расонаҳои Эрон рӯзи шанбе, 30-уми май гузориш доданд, ки Муҳсин Ризоӣ гуфтааст хостаҳо ва рафторҳои ахири Трамп нишон медиҳанд, ки ӯ майле ба музокира надорад.
Ӯ гуфтааст: “Бо идомаи муҳосираи дарёӣ ва матраҳ кардани хостаҳои аз ҳад зиёд дар музокирот, ӯ бори дигар собит кард, ки тамоюле ба музокира надорад ва ҳадафи дигареро пайгирӣ мекунад”.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки пештар Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, эълом карда буд, ки дар сурати даст наёфтан ба тавофуқ бо Теҳрон, Иёлоти Муттаҳида омодаи азсаргирии ҳамлаҳо алайҳи Эрон мебошад.
Ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон дар охири моҳи феврал оғоз шуд, ки дар ҷараёни он ҳазорон нафар, аз ҷумла мақомоти аршади эронӣ, кушта шуданд.
Танишҳо миёни Эрон ва Амрико бо вуҷуди баргузории музокироти сулҳ дар Покистон ва миёнҷигарии кишварҳои минтақа, ҳамчунон бидуни натиҷа ва бидуни дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ боқӣ мондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”