Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳегсет: “Дар сурати ба даст наомадани тавофуқ, Амрико омодаи азсаргирии ҳамлаҳо алайҳи Эрон аст”
Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико эълом кардааст, ки дар сурати даст наёфтан ба тавофуқ бо Эрон, Иёлоти Муттаҳида омода аст ҳамлаҳо алайҳи ин кишварро аз сар бигирад.
“Рейтерз” рӯзи шанбе, 30-уми май гузориш додааст, ки Ҳегсет иддао кардааст Амрико тавоноӣ ва имконоти лозим барои анҷоми чунин иқдомро дар ихтиёр дорад.
Ӯ афзудааст, ки захираҳои таслиҳотии Амрико барои ҳар гуна амалиёти эҳтимолӣ кофӣ аст ва Вашингтон аз ин назар дар мавқеи муносиб қарор дорад.
Вазири ҷанги Амрико ҳамчунин, иддао кардааст, ки давлати Доналд Трамп ҳамчунон дар пайи дастёбӣ ба тавофуқе мебошад, ки монеи дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ шавад.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки музокиракунандагони Эрон ва Амрико талош доранд ихтилофҳои боқимондаро бартараф намоянд.
Бо ин ҳол, мақомоти эронӣ таъкид кардаанд, ки ҳанӯз ҳеч тавофуқи ниҳоӣ миёни ду тараф ба даст наомадааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”