27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.05.2026 14:56

Марк Карнӣ: “Канада ва Чин дар ҳоли эҷоди як ҳамкории пойдор ва созанда ҳастанд”

Марк Карнӣ, сарвазири Канада эълом кардааст, ки равобити ин кишвар бо Чин пас аз гуфтугӯҳои сатҳи баланд бо вазири корҳои хориҷаи Чин, дар масири тақвият ва ҳаракат ба сӯи як ҳамкории созандатар қарор гирифтааст.

Хабаргузории “Анадоли” рӯзи шанбе, 30-уми май гузориш додааст, ки Марк Карнӣ ин изҳоротро пас аз дидор бо Ван И баён карда ва гуфтааст, ки ҳар ду ҷониб бар густариши ҳамкориҳо ва эҷоди имкониятҳои тоза тамаркуз кардаанд.

Ӯ гуфтааст, ин гуфтугӯҳо идомаи пешрафтҳое мебошад, ки дар ҷараёни сафараш ба Чин дар аввали соли ҷорӣ ба даст омада буданд ва ҳадафи он тақвияти равобити дуҷониба аст.

Ван И, ки барои як сафари серӯза ба Канада рафтааст, пас аз ҳудуди як даҳа вориди ин кишвар шудааст ва дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти аршади канадагӣ дидор кардааст.

Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Канада, ду ҷониб дар ин дидорҳо дар бораи мавзуъҳое чун масъалаҳои консулӣ, мудохилаи хориҷӣ, кори иҷборӣ ва ҳуқуқи башар гуфтугӯ кардаанд.

Онҳо ҳамчунин, бар баргузор кардани мунтазами нишастҳои солонаи вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби як гуфтугӯи дипломатӣ ва роҳбурдии сатҳи баланд ба тавофуқ расидаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.