Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои муътадил кардани нархи семент гурӯҳи корӣ таъсис дод
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъсис дод.
Манбаъ навиштааст, ки гурӯҳи корӣ ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафарбар гардиданд.
Гуфта мешавад, ки рафти мониторинг нишон дод, ки нархи як линча семент дар шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 65 сомонӣ, дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ, дар вилояти Суғд аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гардида, нархи он аз 70 то 85 сомонӣ буд. Дар ин росто, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидашудаи кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои истеҳсоли семент вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол омад.
Diaog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”