Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳанонов баргашт. Ҳайати тими миллии Тоҷикистон тасдиқ шуд
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати ниҳоии дастаро барои бозиҳои дӯстонаи муқобили мунтахаби Ҳиндустон, ки рӯзҳои 5-ум ва 9-ум июн баргузор мешаванд, эълон кард.
Гуфта мешавад, ки Игор Ангеловский ба рақобатҳои дарпешистода 26 бозигарро даъват намудааст, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.
Бояд гуфт, ки ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон ҳимоятгари шинохтаву боистеъдод Ваҳдат Ҳанонов низ даъват шудааст.
Афзуда мешавад, ки ҷамъомади таълимиву тамринии даста имрӯз, 30-юми май оғоз мешавад.
Зикр мегардад, ки бо сабаби ҷароҳат доштан дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров, нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода муқобили Ҳиндустон иштирок намекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”