Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қолибоф: “Ба ҷониби Амрико ҳеч эътимоде надорем”
Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон ва музокиракунандаи аршади ин кишвар, гуфтааст, ки Эрон ҳеч эътимоде ба кафолатҳо ва ҳарфҳои Амрико надорад ва танҳо рафтори тарафи муқобил меъёр мебошад.
Муҳаммад Боқир Қолибоф рӯзи ҷумъа, 29-уми май, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Эрон имтиёзҳоро на бо гуфтугӯ, балки бо мушак ба даст меорад.
Ӯ афзудааст, ки пирӯзи ҳар гуна тавофуқ касест, ки аз фардои он беҳтар барои ҷанг омода шавад.
Музокиракунандаи аршади Эрон таъкид кардааст, ки пеш аз иқдоми тарафи муқобил, тарафи эронӣ ҳеч иқдоме анҷом нахоҳад дод.
Қолибоф ин суханонро дар ҳоле баён кардааст, ки ҳафтаи гузашта гузоришҳое аз пешрафт дар музокироти байни Эрон ва Амрико бо миёнҷигарии Қатар мунташир шуда буданд.
Манобеи эронии огоҳ аз ҷараёни музокирот пештар ба расонаҳо гуфта буданд, ки ҳайати эронӣ дар Қатар бар озодсозии дороиҳои масдудшудаи ин кишвар аз ҷониби Амрико пофишорӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”