27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
30.05.2026 06:52

Ҳаққи омӯзиш ва таҳсил: садҳо канадагӣ дар ҳамбастагӣ бо занон ва духтарони Афғонистон роҳпаймоӣ мекунанд

Қарор аст садҳо канадагӣ дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар бо рӯймолҳои сурх ва бо паёми “Бигзоред занон ва духтарони афғон таҳсил кунанд” роҳпаймоӣ намоянд.

Созмони “Ҳаққи омӯзиши Афғонистон” рӯзи ҷумъа, 29-уми май гуфтааст, ки ин роҳпаймоӣ дар рӯзҳои 30 ва 31-уми май дар шаҳрҳои гуногуни Канада баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси хабарнома, дар Оттава, пойтахти Канада аз соати 2 то 6-и бегоҳ гурӯҳе аз занони афғон ва канадагӣ дар боғи Эндрю Хайден (Andrew Haydon) ҷамъ хоҳанд омад, то шеър бихонанд, садои худро баланд кунанд ва дӯстӣ ва ҳамбастагии иҷтимоиро ҷашн гиранд.

Дар хабарнома омадааст, ки ин роҳпаймоӣ ҷомеаҳои гуногунро барои як намоиши пурқудрати саросарии ҳимоят аз занон ва духтарони Афғонистон сафарбар хоҳад кард.

Лорин Утс, мудири иҷроии созмони Ҳаққи омӯзиши Афғонистон гуфтааст: “Миллионҳо духтари афғон таҳти ҳокимияти Толибон аз рафтан ба мактаб маҳрум шудаанд ва ҳар рӯзе, ки духтаре аз омӯзиш маҳрум мешавад, рӯзи беадолатӣ аст”.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳимоят аз ин роҳпаймоӣ, канадагиҳо нишон медиҳанд, ки ҳуқуқи занон аҳамият дорад ва занони Афғонистон танҳо нестанд.

Созмони “Ҳаққи омӯзиши Афғонистон” бар ин бовар аст, ки омӯзиш як ҳаққи асосии инсонӣ ва абзори пурқудрат барои тағйироти пойдори иҷтимоӣ мебошад.

Дар хабарнома афзуда шудааст, ки маҳрум сохтани занон ва духтарон аз ҳуқуқи инсонӣ навъе аз “апартеиди ҷинсиятӣ” маҳсуб мешавад.

Пас аз дубора ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон дар соли 2021 занон ва духтарон аз омӯзиш ва таҳсилоти олӣ маҳрум шуданд ва бо вуҷуди дархости кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид, то кунун ин гурӯҳ омода нашудааст аз мавқеи худ дар баробари занон ва духтарон ақибнишинӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.