27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
29.05.2026 19:48

Путин: «Мубодилоти тиҷоратии аъзои Иттиҳоди Авруосиё ба 95 миллиард доллар расид»

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт: «Ҳаҷми гардиши молибайни панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва Арманистон) дар соли гузашта (2025) ба 95 миллиард доллар расид”.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, ин суханонро Путин имрӯз, 29-уми май дар нишасти қолаби густардаи Шурои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баён кард: нишасте, ки бо ҳузури раисони ҷумҳури Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва муовини нахуствазири Арманистон ба намояндагӣ аз кишварҳои узв ва раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муовини раиси ҷумҳури Куба (аъзои нозир) баргузор шуд.

Вай изҳор кард: “Ҳамакнун бисёре аз кишварҳои хориҷӣ ва иттиҳодҳои бузурги минтақаӣ монанди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ, Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё алоқаи худро ба панҷ кишвари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё эълом кардаанд”.

Раиси ҷумҳури Русия хотирнишон кард: “Дар соли 2025 дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маҷмуи тавлиди саноатӣ 1.9 дарсад, тавлиди кишоварзӣ 4.9 дарсад ва масолеҳ 4.2 дарсад афзоиш ёфтааст ва рушд дар бештари бахшҳои иқтисодӣ мушоҳида мешавад”.

Вай идома дод: “Муомилоти мутақобили содирот ва воридот байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба таври қобили эътимод аз нуфузи хориҷӣ ва равандҳои манфӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ муҳофизат мешавад”.

Путин бо ишора ба суханони сарони Иттиҳоди Авруосиё дар нишасти қолаби маҳдуд, ки соате қабл аз ин нишаст баргузор шуд, изҳор кард: “Арзёбиҳои баёншуда тавассути ҳамкорон, чӣ мусбат ва чӣ интиқодӣ, ба равшанӣ нишон медиҳад, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба таври куллӣ бо муваффақият амал мекунад ва ҳамчунон дар ҳоли рушд аст”.

Вай афзуд: “Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пазирои ҳамкории мутақобилан судманд ва баробар бо кишварҳо ва созмонҳои созанда аст”.

Путин идома дод: “Тарҳи таъмини молии муштараки беҳтар барои лоиҳаҳои саноатии навидбахш низ таваҷҷуҳи зиёдеро дар байни маҳфилҳои тиҷоратии кишварҳои узви ин иттиҳод эҷод кардааст”.

Вай афзуд: “Дар ҳоли ҳозир ду лоиҳаи саноатии муштарак дар ҳоли анҷом аст ва дархостҳои таъмини молӣ барои се лоиҳаи дигар низ таъйид шудааст”.

Раиси ҷумҳури Русия бо баёни ин ки 14 лоиҳаи саноатии муштараки дигар ҳам тавассути Комиссияи Авруосиё дар ҳоли баррасӣ аст, изҳор намуд: “Қарзҳои марбут ба ин тарҳҳо бо фоизи бисёр поинтар пешниҳод мешавад”.

Путин дар бораи чашмандози ҳамкории Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо шарикони ҷадид низ гуфт: “Музокирот дар бораи имзои тавофуқномаи тиҷорати озоди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Ҳинд тақвият шудааст: пеш аз ин низ тавофуқномаҳои тиҷоратии ин иттиҳод бо Муғулистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳамчунин, бо Индонезия баррасӣ шуд”.

Ҳамчунин, бино бар гузориши Кремл, Путин дар суханоне дар нишасти умумии 5-умин маҷмаи иқтисодии Авруосиё низ афзуд: “Пешрафтҳои зиёде дар фанноварии пешрафта, рақамишавӣ ва ҳуши маснуъӣ дар ҳоли ҳозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳоли анҷом аст”.

Вай ёдовар шуд: “Ин иттиҳод стандартҳои муштараке барои табодули иттлооти тиҷоратӣ, қонунҳои ягона барои тиҷорати рақамӣ, истифода аз новбарии электронӣ ва системаҳои иттилоотии ягонаи бозори корро ҷорӣ мекунад”.

Путин бо ишора ба тағйирот дар бозори кор мутаассир аз фарогир шудани ҳуши маснуъӣ гуфт: “Ин пешбинӣ, ки миллионҳо нафар шуғли худро аз даст медиҳанд ё маҷбур ба тағйири шуғли худ мешаванд, комилан воқеӣ аст ва ба далели зуҳури ҳуши компютерӣ ба унвони ҷойгузине барои инсонҳо, мумкин аст тамоми касбҳо нопадид шаванд”.

Вай хотирнишон кард: “Мо бояд барои тағйироте, ки ҳанӯз дар роҳ аст, омода бошем ва ҳатто беҳтар аз он, аз онҳо ба унвони муҳаррики рушди иқтисодии пешрафта истифода кунем: ба ҳамин манзур, Русия барномаҳои миллӣ ва саноатиро бо ҳадафи муаррифии ҳуши маснуъӣ дар бахши густардае аз ҳавзаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда ва дар ҳоли иҷро аст.

Маҷмааи иқтисодии Авруосиё ҳамасола дар кишваре, ки раёсати феълии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро бар уҳда дорад, баргузор мешавад. Ин маҷмаа ба таври суннатӣ чеҳраҳои сиёсӣ, роҳбарони ширкатҳои бузург, муассисаҳои молӣ, бонкҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи мутахассисро гирди ҳам меоварад.

Мавзуи маҷмааи 2026 ба мизбонии Қазоқистон “Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар мусобиқаи ҷаҳонии рақамӣ: сармоягузорӣ рӯйи ҳуши маснуъӣ” аст.

Ин рӯйдод шомили тақрибан 30 ҷаласаи мавзуъӣ дар бораи масоили ҷории ҳамкории иқтисодӣ ҳам дар дохили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҳам бо кишварҳои дигар ва анҷуманҳои ҳамгироӣ аст.

Раиси ҷумҳури Русия ва раисони ҳайатҳои ширкаткунанда дар нишасти сарони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамчунин, аз намоишгоҳи тахассусии “Тавсеаи ҳуши маснуъӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё” боздид карданд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, иттиҳодияи иқтисодии байнидавлатии шомили Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст. Аъзои нозири фаъоли ин иттиҳод Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ӯзбекистон ва Куба ҳастанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.