27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
29.05.2026 19:12

Медведев: “Кишварҳои аврупоӣ мустақиман дар ҷанг бо Русия ширкат доранд”

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шурои амнияти миллии Русия, дар изҳороте бо баёни ин, ки ҳодисаи паҳподӣ дар Руминия бояд баррасӣ шавад, ки он мутааллиқ ба кадом тараф аст, таъкид кард: “Аммо кишварҳои аврупоӣ бояд дар ин хусус сукут кунанд, зеро онҳо мустақиман дар ҷанг бо Русия ширкат доранд”.

Ба гузориши расонаҳои Русия Медведев дар паёме дар саҳифаи корбарии худ дар расонаи иҷтимоии “Х” навишт: “Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо масъули марги ғайринизомиёни русӣ дар ҳамлаҳои Украина, аз ҷумла ҳамлаи террористӣ дар Луганск ҳастанд”.

Вай афзуд: “Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, ки таъсисоти тавлиди паҳпод барои неруҳои украинӣ дар кишварҳои онҳо қарор дорад, монанди мардуми кишварҳои даргири ҷанг хоби роҳат нахоҳанд дошт”.

Медведев дар поён чунин хотирнишон кардааст: “Кишварҳои аврупоӣ ба хубӣ медонанд чӣ гуна метавонанд ба ҷанг дар Украина поён диҳанд”.

Бояд гуфт, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия пештар дар изҳороте таъкид карда буд, ки иқдоми Руминия дар эъломи сарконсули Русия ба унвони унсури номатлуб ва таътили консулгарии Русия дар Констанса бепосух нахоҳад монд ва иқдомҳои мутақобил ба зудӣ анҷом хоҳад шуд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия бо ишора ба иддаоҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи суқути як паҳпод дар Руминия гуфт, ки ин иттиҳомҳо бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи афкори умум аз ҷиноятҳои Киев матраҳ мешавад.

Никуршор Дан, раиси ҷумҳури Руминия, пештар эълом карда буд, ки сарконсули Русия дар Констанса унсури номатлуб эълом шуда ва консулгарии ин кишвар таътил хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.