Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири дифои Толибон хостори эҷоди сохтори дифоии касбӣ дар Афғонистон шудааст
Мулло Яъқуб Муҷоҳид, вазири дифои гурӯҳи террористии Толибон, хостори эҷоди сохтори дифоии касбӣ ва муназзам дар Афғонистони таҳти контроли ин гурӯҳ шудааст.
Агентии “Бохтар”-и таҳти контроли Толибон, рӯзи ҷумъа, 29-уми май гузориш дода, ки ин мавзуъро Мулло Яъқуб Муҷоҳид дар Нишасти байналмилалии амниятии Маскав матраҳ кардааст.
Бар асоси гузориш, вазири дифои Толибон иддао кардааст, ки ҳадаф аз эҷоди ин сохтори дифоӣ, таъмини “амнияти Афғонистон” ва таҳкими “субот” дар минтақа аст.
Мулло Яъқуб Муҷоҳид ҳамчунин, муддаӣ шудааст, ки гурӯҳи Толибон иҷоза намедиҳад аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода шавад.
Вазири дифои Толибон иддао кардааст, ки ин гурӯҳ “амнияти саросарӣ”-ро дар Афғонистон таъмин кардааст.
Бо султаи дубораи гурӯҳи террористии Толибон бар Афғонистон дар соли 2021 фазо барои фаъолияти гурӯҳҳои дигари террористӣ дар хоки ин кишвар муҳайё шудааст ва кишварҳои минтақаӣ нигаронии худро аз ин ҳолати бавуҷудовардаи Толибон пайваста таъкид мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”