Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Музокироти Эрон ва Амрико: амири Қатар дар гуфтугӯи телефонӣ бо Трамп бар роҳи ҳалли дипломатӣ таъкид кард
Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар гуфтугӯи телефонӣ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бар авлавият додан ба роҳҳалҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар танишҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон таъкид кард.
Девони амирии Қатар, шаби панҷшабе 28-уми май, эълом кардааст, ки дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ, ду тараф охирин таҳаввулоти Ховари Миёнаро дар партави талошҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бо ҳадафи коҳиши таниш ва тақвияти субот баррасӣ кардаанд.
Бар асоси эъломия, амири Қатар бар зарурати авлавият додан ба роҳҳалҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ва гуфтугӯ миёни ҳамаи тарафҳо таъкид кардааст.
Дар эъломия гуфта шудааст, ки раиси ҷумҳури Амрико аз нақши давлати Қатар дар ҳимоят аз талошҳои миёнҷигаронаи Покистон ва тақвияти каналҳои иртиботӣ миёни тарафҳои мухталиф қадрдонӣ кардааст.
Дар рӯзҳои ахир, Қатар мизбони Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шурои Исломӣ ва Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон буд.
Давҳа, дар канори Исломобод, ба талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо миёни Эрон ва Амрико пайваста талош кардааст, то ду тараф ба тавофуқ бирасанд.
Ҳанӯз равшан нест, ки Вашингтон ва Теҳрон ба тавофуқ барои хатми ҷанг, ҳалли парвандаи ҳастаии Эрон ва бозгушоии тангаи Ҳурмуз мерасанд ё не.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”