Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил ба дунболи эҷоди масири нави энергетикӣ барои давр задани тангаи Ҳурмуз аст
Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ҳамзамон бо идомаи танишҳо дар тангаи Ҳурмуз гуфтааст, ки бесуботии минтақаӣ дар Халиҷи Форс метавонад тағйири ҷаҳонӣ ба самти масирҳои ҷойгузини энержиро суръат бахшад ва Исроилро бахше аз як долони ҳамлу нақл ба сӯи Баҳри Миёназамин бисозад.
Хабаргузории “Анадоли” (Anadolu), рӯзи ҷумъа, 29-уми май гузориш дода, ки Бенёмин Нетаняҳу ин мавзуъро дар семинаре дар дараи Урдун баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Нетаняҳу гуфтааст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ аз назари таърихӣ бо гуногунсозии масирҳои таъмини энержӣ ва коҳиши вобастагӣ ба минтақаҳои транзитии ноустувор ба буҳронҳои энержӣ посух додаанд.
Нетаняҳу ҷузъиёте дар мавриди лоиҳа ё долоне, ки ба он ишора кардааст ё кишварҳоеро, ки мумкин аст даргири он бошанд, ироа накардааст.
Изҳороти Бенёмин Нетаняҳу дар авҷи нигарониҳои байналмилалӣ дар мавриди амнияти тиҷорати дарёӣ ва таъмини энержии вобаста ба тангаи Ҳурмуз матраҳ шудааст.
Ба дунболи оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико алайҳи Эрон, дар 29-уми феврал, тангаи Ҳурмуз аз сӯи Теҳрон баста шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”