Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ду узви Конгресси Амрико хостори ирсоли мушакҳои дифои ҳавоии бештар ба Украина шуданд
Ду намояндаи Конгресси Амрико хостори ирсоли мушакҳои дифои ҳавоии бештар аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ба Украина шуданд, то Киев, пойтахти ин кишвар, дар баробари ташдиди эҳтимолии ҳамлаҳои мушакии Русия муҳофизат шавад.
“Рейтерз”, рӯзи панҷшанбе, 28-уми май гузориш дода, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар номае ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва аъзои Конгресси ин кишвар, дархости сомонаҳои бештари Патриот ва мушакҳои раҳгир кардааст.
Бар асоси гузориш, сенатор Ричард Блументал, аз иёлати Коннектикут, пас аз дидор бо Зеленский дар Киев, гуфта, ки Иёлоти Муттаҳида дар гузашта чандин бор дархостҳои Украинаро барои дарёфти силоҳҳои бештар пазируфтааст.
Блументал гуфтааст: “Умед ва интизори ман ин аст, ки Амрико ба ин дархост посухи мусбат бидиҳад”.
Блументал афзуда, ки пас аз бозгашт ба Вашингтон барои ирсоли мушакҳои раҳгири бештари дифои ҳавоӣ ба Украина ва ҳамчунин, аъмоли таҳримҳои шадидтар алайҳи Русия талош хоҳад кард.
Зеленский дар номаи худ аз ҳимояти Амрико ташаккур карда, аммо гуфтааст, ки суръати таҳвили мушакҳои раҳгир таҳти барномаи “Феҳристи авлавиятбандии ниёзҳои Украина” дигар бо мизони таҳдидҳои мавҷуд алайҳи Украина ҳамоҳанг нест.
Бар асоси гузориш, Ҷим Ҳаймз, узви демократии кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрико, гуфтааст, ки гуфтугӯҳо дар Вашингтон дар бораи ҳимояти низомӣ аз Украина ба далели ҷанги Амрико бо Эрон печидатар шуда, зеро ин ҷанг манобеи арзишманди низомиро масраф мекунад.
Бино бар эъломи неруи ҳавоии Украина, Русия дар ҳамлаҳои ахир аз 30 мушаки боллистик алайҳи Украина истифода карда, ки фақат 11 маврид аз онҳо раҳгирӣ ва соқит шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”