Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 оғоз шуд
28-уми май дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 оғоз гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, форуми мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии иқтидори малакаҳои касбии шаҳрвандони мамлакат, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор мешавад.
Дар оғози чорабинии байналмилалӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода қайд кард, ки бо ташаббуси сиёсати ғамхорона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоид дар омӯзиши касбу ҳунар, баланд бардоштани малакаҳои касбиву ҳаётӣ, омӯзиши илму донишҳои муосир фароҳам гардидааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар доираи форуми мазкур аз рӯйи касбҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ» миёни намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин озмун гузаронида мешавад. Дар озмун ҷавонони 17-35 соли иштирок мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”