Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Рубио бо вазири хориҷаи Покистон дидор мекунад
Вазорати корҳои хориҷаи Амрико эълом кард, ки вазири корҳои хориҷаи ин кишвар рӯзи ҷумъа бо ҳамтои покистонии худ дар Вашингтон дидор хоҳад кард.
Ба гузориши шабакаи “Си-би-эс Нюз”, Марко Рубио ва Аллисон Хукер, муовини вазири умури сиёсии Амрико соати 10-и субҳ дар Вашингтон бо Муҳаммад Исҳоқ Дор, ки муовини нахуствазири Покистон низ ҳаст, дидор хоҳанд кард.
Ин дидор дар ҳоле анҷом мешавад, ки Покистон ба нақшофаринӣ ба унвони миёнҷӣ миёни Амрико ва Эрон идома медиҳад.
Гуфтанист, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ иддао кард: “Як тавофуқ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон танзим шуда ва акнун дар интизори ниҳоӣ шудан аст ва ҷанбаҳо ва ҷузъиёти ниҳоии тавофуқ дар дасти баррасӣ аст ва ба зудӣ эълом хоҳад шуд”.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон низ эълом кард, ки ду тараф дар марҳилаи ниҳоисозии ёддошти тафоҳуме ҳастанд, ки меҳвари аслии он поёни ҷанг аст.
Ӯ тасреҳ кард, ки поёни муҳосираи дарёии Амрико ва озодсозии дороиҳои блокашудаи Эрон аз муҳимтарин мавзуъҳои мавриди баҳс дар ин ёддошти тафоҳум аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”