Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шаҳрдори Ню-Йорк: “Ҷанг алайҳи Эрон бояд поён ёбад”
Шаҳрдори Ню-Йорк ҷанги Амрико ва режими Исроил алайҳи Эронро башиддат маҳкум карда ва эълом кард, ки ин ҷанг бояд поён ёбад.
Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, Зуҳрон Мамдонӣ рӯзи панҷшанбе дар паёме дар расонаи иҷтимоии “Х” ба таъсири густардаи ин ҷанги ғайриқонунӣ бар ғайринизомиён дар хориҷ аз Эрон ва хонаводаҳои эронии сокини Эрон ишора кард.
Ӯ навишт: “Се моҳ пеш дар чунин рӯзе, ҷанге оғоз шуд, ки ҳеч кас ба он раъй надод ва харҷи онро афроде пардохтаанд, ки дар он нақше надоштанд”.
Мамдонӣ таъкид кард: “Ҳазорон ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд ва сенздаҳ сарбози амрикоӣ ҳаргиз ба хона ва назди хонаводаҳои худ бознахоҳанд гашт.”
Ӯ афзуд: “Амрикоиҳо дар саросари ин кишвар ва шаҳри мо шоҳиди афзоиши қиматҳои бензин ва маводи ғизоӣ будаанд ва буҷетҳои онҳо ба далели ҷанге, ки бидуни ҳатто як раъйи Конгресс оғоз шуда, коҳиш ёфтааст”.
Шаҳрдори Ню-Йорк идома дод: “Ҳар ҷоне, ки дар хориҷ аз кишвар аз даст рафта ва ҳар долларе, ки аз як хонаводаи коргар дар Амрико гирифта шудааст, бахше аз ҳамон суратҳисоби бемулоҳизаест, ки тавассути касоне, ки ҳаргиз худ онро пардохт нахоҳанд кард, ба афроде, ки камтарин тавони молиро доранд, таҳмил мешавад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”