27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
29.05.2026 07:27

Дабири Шурои амнияти Русия: “Дар Украина бо 56 кишвар меҷангем”

Дабири Шурои амнияти Русия дар нахустин маҷмаи амнияти байналмилалӣ, ки таҳти назорати ин шуро баргузор шуд, гуфт: “Дар маҷмуъ 56 кишвар бо кумак ба амалиёти паҳподӣ, амалан дар ҳоли ҷанг бо Русия дар Украина ҳастанд”.

Ба гузориши хабаргузории “ТАСС”, Сергей Шойгу дар бораи тавлиди муштараки паҳподҳои дурбурд тавассути Олмон ва Украина рӯзи 28-уми май гуфт: “Дар маҷмуъ 56 кишвар дар воқеъ алайҳи мо меҷанганд. Як паҳподи дурбурд бидуни системи ҳидоят бетаъсир аст. Бинобар ин, фанновариҳои моҳвораӣ дар он дохил ҳастанд”.

Ӯ афзуд: “Ин ба маънои барномарезии масири парвоз, танзими парвоз ва бисёр иқдомҳои дигар аст. Бинобар ин, фақат Олмон нест. Дигар кишварҳо низ дар ин амр нақши худро ифо кардаанд”.

Ба гузориши расонаҳо Иттиҳоди Аврупо пештар эълом карда буд, ки як бастаи кумаки 90 миллиард евроӣ барои Украина ҳамроҳ бо бистумин даври таҳримҳо алайҳи Русияро тасвиб кардааст. Ин иқдом пас аз тағйири Виктор Орбан, нахуствазири собиқи Маҷористон, имконпазир шуд.

Давлати Орбан пештар бо ин бастаи молӣ мухолифат карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.