Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сиёсатмадорони исроилӣ ба дарҷи номи ниҳодҳои исроилӣ дар феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид вокуниш нишон доданд
Шуморе аз сиёсатмадорони исроилӣ дар вокуниш ба гузоришҳо дар бораи қарор гирифтани ниҳодҳои исроилӣ дар феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи хушунати ҷинсӣ дар минтақаҳои ҷангӣ, ин иқдомро маҳкум кардаанд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 28-уми май гузориш додааст, ки Созмони Милали Муттаҳид номи ниҳодҳое аз Исроил, аз ҷумла Идораи зиндонҳои Исроилро дар феҳристе аз кишварҳо ва ниҳодҳои муттаҳам ба иртикоби хушунати ҷинсӣ дар минтақаҳои даргирӣ қарор додааст.
Бени Гантс, сиёсатмадори исроилӣ ва генерали пешини артиш, ин гузоришҳоро “яҳудистезона ва риёкорона” тавсиф карда ва гуфтааст, ки Созмони Милал дучори “нобиноии ахлоқӣ” шудааст.
Гилад Эрдан, сафири пешини Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид низ гуфтааст, ки ин созмон “фосид” аст ва наметавон аз он интизори рафтори бетарафона дошт.
Ин дар ҳолест, ки пештар Созмони Милали Муттаҳид Исроилро ба феҳристи сиёҳи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон дар даргириҳои мусаллаҳона илова карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”