Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кумаки низомии 27 миллиард евроии Иттиҳоди Аврупо ба Украина
Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, зимни таъкид бар ҳимояти комили Иттиҳоди Аврупо аз Украина, аз кумаки низомии 27 миллиарду 300 миллион евроии ин иттиҳод ба Киев хабар дод.
Ба гузориши расонаҳои Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ва дар шароите, ки Русия ҷанги таҷовузкоронаи худро алайҳи ин кишвар шиддат додааст бори дигар бар ҳимояти комили Иттиҳоди Аврупо аз Киев таъкид кардам”.
Вай афзуд: “Дифои ҳавоӣ ва тавонмандиҳои паҳподӣ ва ҳамчунин, муқобилият бо ҳамлаҳои паҳподӣ, аз фавритарин авлавиятҳои дифоии Аврупо ба шумор мераванд ва Украина ба таври комил дар ин талошҳо ҳамгиро хоҳад шуд”.
Раиси Комиссияи Аврупо ҳамчунин, изҳор дошт: “Ин кумаки низомии 27 миллиард евроӣ бахше аз бастаи бузурги ҳимояти молии 90 миллиард евроии Иттиҳоди Аврупо барои Украина дар соли ҷорӣ аст ва аз он барои кумак ба таъмини ниёзҳои низомии Украина истифода хоҳад шуд”.
Урсула фон дер Ляйен дар поён бо баёни ин, ки дар ҷараёни ин тамоси телефонӣ бо Зеленский дар бораи масири Украина барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ ва машварат кардааст, таъкид кард: “Ҳафтаҳои пеш оиди бардоштани қадамҳои қотеъ дар раванди пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо, аз аҳамияти вижае бархӯрдор хоҳад буд”.
Иттиҳоди Аврупо пештар эълом карда буд, ки як бастаи қарзии 90 миллиард евроӣ барои Украинаро ба ҳамроҳи бистумин даври таҳримҳо алайҳи Русия тасвиб кардааст: иқдоме, ки пас аз тағйири Виктор Орбан, нахуствазири собиқи Маҷористон, имконпазир шуд.
Давлати Орбан пештар бо ин бастаи молӣ мухолифат карда буд: ин дар ҳолест, ки тавофуқи ибтидоӣ дар бораи пардохти ин қарз ба Украина дар моҳи декабр ҳосил шуда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”