Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Созмони Милал: Занон ва духтарони афғон ҳақ доранд дар фазои озод аз хушунат ва табъиз зиндагӣ кунанд
Бахши занони Созмони Милал (UN Women) эълом кардааст, ки занон ва духтарони афғон бояд дар муҳити озод аз хушунат ва табъиз зиндагӣ кунанд ва аз ҳуқуқи комили инсонӣ ва қонунии худ бархӯрдор бошанд.
Ин созмон рӯзи 26-уми май дар гузорише гуфтааст, ки занон ва духтарони Афғонистон ҳақ доранд аз каромати инсонӣ, амният, озодии фаъолият ва иштирок дар зиндагии умумӣ бархӯрдор бошанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки чаҳорчӯбҳои ҳуқуқӣ бояд аз занон дар баробари тамоми шаклҳои хушунат муҳофизат карда ва дастрасии онҳоро ба адолат бидуни табъиз фароҳам созанд.
Созмони Милал аз гурӯҳи террористии Толибон хостааст, то итминон диҳанд, ки тамоми қонунҳо ва сиёсатҳо дар ростои ҳимояи ҳуқуқи занон ва духтарон танзим ва иҷро мешавад.
Бахши занони Созмони Милал таъкид кардааст, ки ин иқдомҳо бояд мутобиқ бо муоҳида ва конвенсияҳои ҳуқуқи башар иҷро шавад.
Ин дар ҳолест, ки занон ва духтарон дар Афғонистон пас аз тасаллути дубораи Толибон бо маҳдудиятҳои густурда рӯбарӯ шудаанд, аз ҳаққи омӯзиш ва кор маҳрум мондаанд ва ҳузури онҳо дар арсаҳои иҷтимоӣ низ ба таври чашмгир коҳиш ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”