Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон аз Ироқ хост монеъи истифода аз хоки ин кишвар алайҳи Теҳрон шавад
Алӣ Боқирии Канӣ, муовини дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон аз Ироқ хостааст, то аз истифода аз хок ва ҳарими ҳавоии ин кишвар барои таҳдид ё ҳамла ба Эрон ҷилавгирӣ кунад.
Хабаргузории “Тасним”, рӯзи 26-уми май гузориш дода, ки ин мавзуъ дар дидор бо Қосим ал-Аъраҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ дар ҳошияи 14-умин конфронси байналмилалии амниятии Маскав матраҳ шудааст.
Боқирии Канӣ гуфта, ки решаҳои таҳдидҳо бояд аз байн бурда шавад ва Эрон омодаи ҳамкории амниятӣ ва иттилоотӣ бо Ироқ дар ин замина аст.
Ӯ ҳамчунон таъкид кардааст, ки Бағдод бояд иқдомҳои амалӣ барои ҷилавгирӣ аз истифода аз хоки Ироқ алайҳи Эрон рӯйи даст бигирад.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои охир, Эрон борҳо кишварҳои ҳамсояро нисбат ба ҷилавгирӣ аз истифода аз хокашон тавассути гурӯҳҳо ва тарафҳои душман ҳушдор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”