Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири дифои Покистон пайвастан ба “Тавофуқномаҳои Иброҳим”-ро ғайри қобили қабул хонд
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон, гуфтааст, ки пайвастан ба “Тавофуқномаҳои Иброҳим” барои Покистон қобили қабул нест.
Шабакаи “Ал-Ҷазира”, рӯзи сешанбе, 26-уми май гузориш додааст, ки пас аз таъкиди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бар пайвастани кишварҳои бештар, аз ҷумла Покистон ба “Тавофуқномаҳои Иброҳим”, вазири дифои Покистон вокуниш нишон додааст.
Бар асоси гузориш, Хоҷа Осиф, гуфтааст, ки фикр намекунад Покистон ба ҳеч тавофуқе бипайвандад, ки бо усули асосии он дар тазод бошад.
Ӯ афзудааст: “Мавқеи мо комилан рӯшан аст, ки ин мавзуъ барои мо қобили қабул нест”.
“Тавофуқномаҳои Иброҳим” тарҳе аст, ки ҳадаф аз он одисозии равобит бо Исроил хонда мешавад.
Раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи гузашта гуфта буд, ки ба раҳбарони Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Покистон, Туркия, Миср ва Урдун гуфтааст, ки бояд ба “Тавофуқномаҳои Иброҳим” бипайванданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”