Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вазири хориҷаи Амрико: “Расидан ба тавофуқ бо Эрон мумкин ба замони бештаре ниёз дошта бошад”
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки музокирот барои расидан ба тавофуқ бо Эрон, мумкин аст ба замони бештаре ниёз дошта бошад.
“Рейтерз” рӯзи сешанбе, 26-уми май гузориш дода, ки ин мавзуъ, як рӯз пас аз ҳамлаи неруҳои амрикоӣ бар ҳадафҳое дар ҷануби Эрон, аз сӯи вазири хориҷаи Амрико, баён шудааст.
Рубио, дар тавзеҳи ҳамлаҳои Амрико гуфтааст, ки тангаи Ҳурмуз бояд “ба ҳар шакли мумкин” боз бимонад.
Бо вуҷуди барқарории оташбас аз аввалҳои моҳи апрел, Фармондеҳии марказии Амрико (Сентком) рӯзи гузашта дар баёнияе эълом кард, ки ҳамлаҳои тозаеро барои муҳофизат аз неруҳояш дар баробари “таҳдидҳои неруҳои эронӣ” анҷом додааст.
Рубио, пештар дар Деҳлии Нав ба хабарнигорон гуфта буд, ки Амрико пеш аз он ки бихоҳад бо Эрон “ба шеваи дигар” бархӯрд кунад, фурсати зиёде барои муваффақият ба дипломатия хоҳад дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”