Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
40 рӯз дар роҳ. Чӣ тавр ду блогери тоҷик бо дучарха ба се кишвар сафар карданд?
Ду блогери шинохтаи тоҷик Умед Раҳмонӣ ва Зиёвиддин Ёдгоров бори аввал дар таърихи блогинги тоҷик бо дучарха ба ҷумҳурияҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар карданд. Сафару сайёҳати онҳо зиёда аз чил рӯз тӯл кашид.
Умед Раҳмонӣ ва Зиёвиддин Ёдгоров ба Dialog.tj дар бораи дидаҳову шунидаҳояшон нақл карданд, ки мухтасари он манзури хонандагон мегардад.
- Нахуст бигӯед, ки идеяи бо дучарха ба сайёҳат баромадан чӣ хел пайдо шуд?
Умед: - Тақрибан як сол пеш дар Инстаграм навореро дидам, ки як мард аз Узбекистон бо дучарха ба хонаи Худо сафар кард. Чун дер боз орзуи сафар ба кишварҳои гуногунро доштам, навори мазкур ангезаи иловагӣ дод ва бо дӯстам Зиёвиддин Ёдгоров, ки дар блогинг бо номи Ёсин шинохта аст, маслиҳат кардему аз пайи роҳандозии лоиҳаи мазкур шудем.
- Чаро маҳз ду кас ба сафар баромадед, оё аз дӯстону блогерон нахостанд, ки ҳамсафаратон шаванд?
Умед: - Дар аввал ман мехостам танҳо ба сафар бароям, вале тавсия доданд, ки беҳтар аст дар ин сафари дуру дароз ҳамроҳе дошта бошам ва дӯстам Зиёвиддинро даъват кардам, ки розӣ шуд. Дар ин маврид дигар ба ҳеҷ дӯсту блогер муроҷиат накардам.
- Ин лоиҳаро аҳли оилаатон чӣ хел қабул карданд?
Умед: - Ман дар оила як писар ҳастам. Агарчи дар аввал волидонам розӣ шуда буданд, вале пеш аз сафар дудила шуда, доир ба душвории роҳ, махсусан, дашту биёбонҳои Қазоқистон гуфтанд ва хостанд, ки наравам беҳтар аст. Аммо ман пофишорӣ кардам ва иловатан гуфтам, ки марди калонсоли таҷрибадоре ҳамсафарамон мешавад ва баъдан розӣ шуда, дуои сафар доданд. Ҳамин тавр, мо ба сафар баромадем ва тавре дар наворҳо дидед, марде бо номи Ҳоҷӣ моро то Узбекистон ҳамроҳӣ кард.
- Чаро маҳз бо дучарха ба сафар баромадед? Мошин, ҳавопаймо, пиёда ё варианти дигар набуд?
Умед: - Барои он ки бо дучарха ягон блогери тоҷик чанд давлатро нагаштааст ва ҳамин фикр ва орзуи деринаи сафару сайёҳат моро ба ин кор водор кард.
- Зиёда аз чил рӯз дар роҳ будед ва дар ин муддат Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро сайёҳат кардед. Бигӯед, ки аз ин роҳи дуру дароз чӣ хотираҳои ширину талх доред?
Зиёвиддин: - Сафари мо кӯтоҳ набуд ва аз он хотираҳои хубу бад хеле зиёд дорем. Яке аз ҳолатҳои нохубе, ки бо мо рух дод, ин ҷароҳат бардоштани Умед буд.
- Дар ҳар давлат чанд рӯз мондед ва умуман, аз рӯйи нақша бояд аз куҷоҳо дидан мекардед, ба обуначиёнатон чиро нишон медодед?
Умед: - Аз рӯйи нақша бояд дар ҳар давлат се рӯз мемондем, аммо ин тавр нашуд. Масалан, дар Узбекистон шаш рӯз мондему дар Алмаато ҳафт рӯз. Ҳамин тавр, фаҳмидем, ки дар сафар баъзан нақша ба кор намеравад, зеро дар роҳ мушкилоту муаммоҳои зиёд пайдо мешавад. Мо дар доираи ин лоиҳа аз вохӯриву суҳбатҳои сарироҳӣ бо одамони гуногун то тарзи зиндагии тоҷикони бурунмарзӣ ба обуначиёнамон нишон додем. Кӯшиш кардем, ки гӯшаҳои зебову тамошобоби давлатҳои сафаркардаамонро ба тамошобинон пешкаш кунем.
- Дар асл шумо бояд чор давлат мерафтед, аммо дар як навор гуфтед, ки ба Туркманистон ворид шуда натавонистед. Чаро чунин шуд?
Зиёвиддин: - Мо барои гирифтани раводид ҳуҷҷат супурда будем, вале ба ман раводид доданду ба Умед не. Ба мо гуфтанд, ки азбаски Умед дар Инстаграм обуначии зиёд дорад, ворид шуданаш ба Туркманистон мушкил мешавад. Сипас, Умед пешниҳод кард, ки ман танҳо Туркманистон биравам, вале розӣ нашудам.
- Албатта, сафар бе мушкиливу душворӣ намешавад, бигӯед, ки ба кадом мушкилҳо дучор омадед?
Умед: - Мушкилот зиёд буданд, яке аз онҳо надоштани ҷойи хоби муайян буд, ки баъзан дар берун хайма зада, шабро рӯз мекардем.
- Шабҳоро дар куҷоҳо рӯз мекардед, оё дар даштҳои беканори Қазоқистон натарсидед?
Зиёвиддин: - Албатта, даштҳои Қазоқистон хеле тарсовар ва сарданд. Аз ин сабаб мо баъзан дар атрофи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хайма мезадем, баъзан дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ хоб мекардем ва боз ҳолате буд, ки дар меҳмонхонаҳо ҳам шабро рӯз мекардем.
- Дар роҳ масъалаи хӯрокаву нӯшокӣ ва қувваи телефонҳоро чӣ гуна ҳал мекунед?
Умед: - Дар масъалаи хӯрокворӣ ҳеҷ мушкил нашуд, зеро дар роҳ ошхонаву мағозаҳо хеле зиёданд. Аммо норасоии нӯшокиро кам-кам ҳис кардем, зеро зуд-зуд ташна мешудем ва азбаски бо худ миқдори зиёди об гирифта наметавонистем, то расидан ба мағоза ё ошхонае каме азоб мекашидем. Ҳамчунин, дар бисёр ҳолатҳо роҳгузарон ба мо об медоданд. Масъалаи қуввадиҳии телефонҳо бошад, се қуввадиҳандаи иловагӣ доштем, ки ҳеҷ мушкил пайдо нашуд.
- Дар як шабонарӯз чанд соат дучарха мерондед ва чанд километрро тай мекардед?
Умед: - Одатан, 100-120 километр роҳро тай мекардем, вале боз шуд рӯзҳое, ки то 170 километр ҳам рафтем. Ба ҳисоби миёна 7 соат дучарха мерондем.
- Тавре медонем, дар роҳ ҷароҳат бардоштед. Бигӯед, ки ин ҳодиса чӣ хел шуд?
Умед: - Вақти дучархаронӣ зонуям дард баровард ва ҳаракат кардан душвор шуд. Чун соат тақрибан яки шаб буду аз рӯйи нақша бояд роҳи зиёдро тай мекардем, дучархаи маро ба дучархаи Зиёвиддин бастем, то ки ман танҳо идора кунаму ӯ вазни ҳар дуро ҳаракат диҳад. Чанде ҳаракат кардем ва дар чуқурие ман афтидам. Тарафи чапам, аз китф то пой ҷароҳат бардошт. Тақрибан ду рӯз дард кард ва баъд хуб шуд.
- Вақте ки дар Қазоқистон будед, наздатон блогери шинохта Насимҷон Мирзошарифов омад. Бо он кас шарте кардед, ки агар навори гузоштаатон 100 ҳазор "лайк" гирад, бо шумо ҳамроҳ мешавад. Ин масъала чӣ шуд?
Зиёвиддин: - Мо бо Насимҷон Мирзошарифов шарт баста будем, ки агар наворамон дар се рӯз 100 ҳазор "лайк" гирад, ҳамсафарамон мешавад, вале видеои мазкур дар як ҳафта 100 ҳазор "лайк" гирифт ва ин кор нашуд.
- Тахминан метавонед бигӯед, ки то имрӯз дар сафар чанд сомонӣ сарф кардед ва оё сарпараст доред?
Зиёвиддин: - Аслан, мо ин лоиҳаро ба хотири ба даст овардани пул роҳандозӣ накардем. Дар ин сафар сарпараст доштем. Сарпарасти лоиҳа моро бо дучарха таъмин кард ва боз пули ду меҳмонхонаро дода буд.
- Ин роҳи дароз ва сафар ба давлатҳо ба шумо чӣ дод, оё ба ҳадафҳое, ки гузошта будед, расидед?
Зиёвиддин: - Албатта, ба ҳадафҳое, ки гузошта будем, расидем, зеро дар ин муддат бо одамони гуногун вохӯрдем, аз тарзи зиндагӣ ва фаъолияти хориҷиён бохабар шудем, бо фарҳанг ва расму оини давлатҳои сафаркардаамон шинос шудем ва маълумоти хеле зиёд гирифтем.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”