Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нетаняҳу: “Ҳамлаҳо бар зидди Ҳизбуллоҳ дар Лубнон шиддат мегиранд”
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими Исроил, эълом кардааст, ки ба артиши ин кишвар дастур дода ҳамлаҳо алайҳи Ҳизбуллоҳ дар Лубнонро афзоиш диҳад.
Нетаняҳу рӯзи душанбе, 26-уми май, дар як паёми видеоӣ гуфта ҳамлаҳои Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳ на танҳо коҳиш нахоҳад ёфт, балки шиддат ва густараи он афзоиш хоҳад ёфт.
Артиши режими Исроил ҳамзамон эълом кардааст, ки зерсохтҳои Ҳизбуллоҳро дар минтақаи Бақоъ ва чандин минтақаи дигари Лубнон ҳадаф қарор додааст.
“Шабакаи 12”-и Исроил низ ба нақл аз як мақоми аршад гузориш дода, ки Тел-Авив тасмим ба анҷоми “ҳамлаи густарда” алайҳи Ҳизбуллоҳ гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, “Шабакаи 14”-и Исроил гузориш додааст, ки Нетаняҳу ва Исроил Катз, вазири дифои Исроил, дар бораи густариши амалиёти низомӣ дар дохили Лубнон гуфтугӯ кардаанд.
Ҳамчунон Созмони радио ва телевизиони Исроил эълом кардааст, ки артиш тарҳи як ҳамлаи густарда алайҳи Лубнонро омода карда ва ин тарҳ дар интизори таъйиди ниҳоии сиёсӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”