Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп бори дигар хостори таҳвили ураниуми ғанишудаи Эрон ба Амрико шуд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар иддао кардааст, ки ураниуми ғанишудаи Эрон бояд ба Иёлоти Муттаҳида таҳвил дода шавад, то нобуд гардад ва ё дар як макони мавриди тавофуқ аз байн бурда шавад.
Расонаҳои байналмилалӣ рӯзи 25-уми май гузориш доданд, ки Трамп ин изҳоротро дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Truth” матраҳ кардааст.
Ӯ гуфтааст: “Ураниуми ғанишуда ё бояд фавран ба Иёлоти Муттаҳида таҳвил дода шавад, то ба кишвар бозгардонда шуда ва нобуд гардад ё тарҷеҳан бо ҳамоҳангӣ ва ҳамкории Эрон, дар ҳамон маҳал ё дар як макони дигари қобили қабул нобуд шавад: дар ҳоле, ки Комиссияи энержии атомӣ ё ниҳоди мушобеҳи он, бар ин раванд назорат дошта бошад.”
Трамп дар идома таъкид кардааст, ки ин раванд бояд таҳти назорати ниҳодҳои масъули байналмилалӣ анҷом шавад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки баҳсҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ва танишҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон ҳамчунон идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”