Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Лавров ба Рубио аз тасмими Русия барои ҳамла ба ҳадафҳои низомӣ дар Киев иттилоъ дод
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия ба Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико, дар бораи тасмими Маскав барои ҳамла ба ҳадафҳои вобаста бо артиши Украина дар Киев иттилоъ додааст.
Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе, 25-уми май дар баёнияе эълом карда, ки Лавров дар тамоси телефонӣ бо Рубио гуфтааст, ин ҳамлаҳо “дар посух ба идомаи ҳамлаҳои Киев алайҳи ғайринизомиён ва ҳадафҳои мулкӣ дар хоки Русия” анҷом мешавад.
Дар ин баёния омадааст, ки неруҳои мусаллаҳи Русия “ҳамлаҳои систематикӣ” бар таъсисоти воқеъ дар Киевро оғоз хоҳанд кард: таъсисоте, ки ба гуфтаи Маскав, барои ниёзҳои неруҳои мусаллаҳи Украина истифода мешаванд.
Русия ҳамчунон гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо марказҳоеро низ ҳадаф қарор хоҳад дод, ки тасмимҳои марбут ба амалиёти низомӣ дар онҳо гирифта мешавад.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ миёни Русия ва Украина дар рӯзҳои охир шиддат гирифтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”