27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
25.05.2026 12:14

Мулоқоти Президенти мамлакат бо муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Имрӯз, 25-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гуруҳи муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, фиристодаи махсуси Дабири кулл оид ба захираҳои об Ретно Марсудӣ ва ректори Донишгоҳи СММ, муовини Дабири кулли СММ Тшилидзи Марваларо истиқбол гирифтанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар суҳбат ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, ба хусус дар самтҳои обу иқлим, нақлиёту логистика, нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва технологияҳои “сабз” баҳои баланд дода шуд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки танҳо дар соҳаи об бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 қатъномаи СММ қабул шудааст. 

“Изҳори бовар карда шуд, ки конфронси кунунӣ минбари муҳими ҷаҳонӣ барои муттаҳидсозии талошҳо дар ин самт ва рушди дипломатияи об гардида, дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба ҳалли масъалаҳои умдаи вобаста ба об ва иқлим мусоидат хоҳад кард”, - омадааст дар иттилоия.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.