Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Расонаи эронӣ: Теҳрон ба Вашингтон ҳеч гуна хушбиние надорад
Манобеи эронии огоҳ нисбат ба табодули паёмҳо миёни Теҳрон ва Вашингтон гуфтаанд, ки Эрон ҳеч гуна хушбинӣ ба Амрико надорад ва табодули паёмҳо низ аз тариқи миёнарави покистонӣ бо бадбинӣ сурат гирифтааст.
Хабаргузории “Тасним” рӯзи душанбе, 25-уми май гузориш додааст, ки то кунун тафоҳуми ниҳоӣ миёни Эрон ва Амрико ҳосил нашуда ва чолишҳо дар баъзе бандҳо идома дорад.
Бар асоси гузориш, як манбаи огоҳи эронӣ гуфтааст, ки агар тафоҳуми аввалияе низ сурат бигирад, ба маънои тағйири нигоҳ Эрон ба Амрико ва итминон аз иҷрои уҳдадории давлати он кишвар нест.
Ин манбаъ афзудааст, ки Эрон дар ҷараёни пас аз эъломи тафоҳуми эҳтимолӣ низ, иқдомоти Амрикоро зери назар хоҳад гирифт ва дар сурати нақзи аҳд, Эрон абзорҳои худ барои муқобилият бо онро ҳифз хоҳад кард.
Қарор буд тафоҳуми аввалия миёни Эрон ва Амрико рӯзи гузашта ба сурати расмӣ эълом шавад, аммо бар асоси гузоришҳо барои чанд рӯз ба таъхир афтодааст.
Рӯзи гузашта Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки шитобе дар кор нест ва бояд рӯи тамоми масоил ба гунаи дақиқ баҳс шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”